Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гарида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятиро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳам замон дар идоракунии давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон ба ҳайси пешбар кор ва фаъолият мекунанд. Ногуфта намонад, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромад ва паёмҳои худ борҳо таъкид намуданд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд ва мо ҷавонон бояд кишвари ободу соҳибистиқлоламонро аз душманону хоинои давлат ҳимоя намоем ва ба фиребу гапҳои дуруғи маккоронаи онҳо ва иғвоҳое, ки ба манфиати худи онҳост набояд шомил шавем. Мо ҷавонон ҳама сар аз як гиребон бароварда, дар канори Пешвои миллат содиқ мемонем.
Шарипов Аҳадҷон