9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти худро эълон дошт. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътроф намуданд.
Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, мактабҳои замонавӣ, сохтмонҳои азимикишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст.
Душманони миллати Тоҷикистони азиз бо ақидаҳои ғаразнокаш аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сухан гуфта, мехоҳанд, мардумро гумроҳ созад. Дар хориҷи кишвар бо супориш ва дастури хоҷагони хеш кӯшиш намуда истодааст, ки ҷавонон ва мардум ба хусус муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда, тавассути онҳо амалҳои ғаразонаи хешро иҷро намояд.
Дониста бошанд, ки дигар касе аз мардуми ба ору нанги тоҷик ва ҷавонони саодатманд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдонӣ нахохад кард. Зеро мақсаду нияти шумо хиёнат ба давлату миллат аст.
Моро зарур аст, ки имрӯз зиракии сиёсиро пешаи кори худ намуда, нагузорем, ки мардуми Тоҷикистонро чунин шахсони нохалаф гумроҳ созанд.
Аслидинзода А.А.