Истиқлол

Search
Search

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ, ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИКИ МИЛЛИТСИЯ РАҲИМЗОДА РАМАЗОН ҲАМРО БО КОРМАНДОНИ МАҚОМОТУ ИДОРАҲОИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи дирӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники миллитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Сардори Раёсати Вазорати Корҳои дохилӣ, генерал майори милитсия Ҳомидзода Бароталӣ ва муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Нурляминзода С. вобаста ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Садри маърифатпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар вохӯрӣ баргузор гардид.

     Вохӯрии мазкур бо фарогирии муовинон, мудирони шуъбаву бахшҳо ва сохторҳои мақомоти ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони боғчаҳо, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, Имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва раисони маҳаллаҳо дар сатҳи бисёр ҳам баланд доир гардид.

     Дар рафти вохӯрӣ меҳмонон доир ба худшиносии миллӣ, масоили Ватанхоҳиву  Ватандорӣ, сарфакориву донишазхудкунии ҷавонон, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, хатару омилҳои коррупсия дар ҷомеаи кунунӣ ва худдорӣ аз андешаҳои носаҳеҳ ва ғайра масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.

    Инчунин, дар рафти вохӯрӣ, аз ҷониби маърузачиён оид ба хатару омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеаи кунунӣ, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор меравад, ибрози ақида намуда, қайд намуданд, ки дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқдисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро бо мақомоти давлатӣ коста мегардонад. Илова гардид, ки дар ҷаҳони муосир коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқдисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ дар ҷомеаи кунунӣ табдил ёфтааст.

 Аз ин лиҳоз, аҳли нишастро ба он даъват намуданд, ки ҳар як фарди соҳибфикру соҳибмаърифат манфиатҳои миллиро пуштибонӣ намуда, дар ҳифзи хоки Ватани муқаддасамон пешсаф бошанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон