БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ НУЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур (даъвати шашум) бо баррасии муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия баргузор гардид.  

Дар кори иҷлосияи мазкур, вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаи ҷомеъ ва Васоити Ахбори Умум, ки вакил нестанд, иштирок намуданд.

Иҷлосия мутобиқи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дар асоси қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо даъват шуда, бо садо додани Сурӯди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

  Ҳамзамон, қайд бояд намуд, ки мутобиқи моддаи 13-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” дар ҳолати вакил набудани иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия, Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро вакили синну солаш калонтар мекушояд ва то интихоб шудани Раиси Маҷлиси вакилони халқ ба кори он раисӣ мекунад.

Пас аз интихоби ҳайати Котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба дида баромадани масъалаҳои рӯзнома шурӯъ намуданд.

  Ба муҳокимаи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур (даъвати шашум) масъалаҳои зерин гузошта шуданд:

1. Ҳисоботи муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир ба амалисозии “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”;

2. Ҳисоботи муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025″ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;

3. Ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти соҳа дар нуҳ моҳи сипаригардидаи соли 2024.

4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.

   Дар интиҳои иҷлосияи мазкур, дар асоси масъалаҳои муҳокимашуда аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур дар самти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии қонуншиканӣ дар байни ноболиғон ва ғайра масъалаҳои мубрами рӯз ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 Бо ҳамин Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур (даъвати шашум) бо садо додани Сурӯди миллӣ ба кори худ анҷом бахшид.

  • Related Posts

    Раёсати «Амри маъруф»-и Толибон дар Сарипул 100 адад асбобҳои мусиқиро оташ заданд.

    Раёсати «Амри маъруф ва наҳйе аз мункар»-и Толибон дар вилояти Сарипул эълон кардааст, ки сад адад асбоби мусиқӣ, созу суруд ва соири «олоти мункирот»-ро ба оташ кашидааст. Ин Раёсат гуфтааст,…

    БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

    Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур (даъвати шашум) бо баррасии муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия баргузор гардид. Дар кори иҷлосияи…

    Leave a Reply

    Your email address will not be published. Required fields are marked *

    Шумо пазмон шудед

    БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ НУЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

    • October 3, 2024
    • 33 views

    Раёсати «Амри маъруф»-и Толибон дар Сарипул 100 адад асбобҳои мусиқиро оташ заданд.

    • July 17, 2024
    • 29 views

    БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

    • July 15, 2024
    • 11 views

    МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ, ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИКИ МИЛЛИТСИЯ РАҲИМЗОДА РАМАЗОН ҲАМРО БО КОРМАНДОНИ МАҚОМОТУ ИДОРАҲОИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

    • April 17, 2024
    • 22 views
    МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ, ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИКИ МИЛЛИТСИЯ РАҲИМЗОДА РАМАЗОН ҲАМРО БО КОРМАНДОНИ МАҚОМОТУ ИДОРАҲОИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

    ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ БА ИФТИХОРИ 79-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА

    • January 27, 2024
    • 32 views
    ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ БА ИФТИХОРИ 79-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА

    МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ДЕПАРТАМЕНТИ ОБТАЪМИНКУНӢ ВА РУШДИ ШАҲРҲОИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

    • January 27, 2024
    • 29 views
    МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ДЕПАРТАМЕНТИ ОБТАЪМИНКУНӢ ВА РУШДИ ШАҲРҲОИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД