ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ БА ИФТИХОРИ 79-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА

ш.Душанбе. 08.05.2024. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба ба “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо истиқбол гирифтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки дар ҷанг ҷони худро нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони мардуми тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равони шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузоштанд.

Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани пардаи рамзӣ “Муҷассамаи ғалаба”-ро баъди интиқоли он ба боғи Ғалаба ва навсозиаш ифтитоҳ карданд.

Дар маросими ифтитоҳи маҷмааи навсозишуда ҳамчунин ҳайати расмии Федератсияи Русия бо роҳбарии Муовини раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Кара-Оол Шолбан иштирок намуданд.

Ҳамаи тадбирҳое, ки дар Боғи ғалаба аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ мегардад, ба хотири пос доштани ёди қурбониёни ҷанг мебошад.

Бояд гуфт, ки қаҳрамонию ҷоннисории падарону бобоён, ки дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои озодии Ватан сина сипар намуданд, ҳамеша аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар қадр карда мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи ғалаба бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадом аз собиқадорони ҷанг 40 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба иштирокчиёни ҷанг аз пойтахт дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақтаи молӣ расонда шуд. Ҳамчунин бо супориши Президенти кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорон ва маъюбони ҶБВ кумакпулии яквақта дастрас намуданд.

Related Posts

МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ДЕПАРТАМЕНТИ ОБТАЪМИНКУНӢ ВА РУШДИ ШАҲРҲОИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

ш.Душанбе. 23.04.2024. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед бо директори Департаменти обтаъминкунӣ ва рушди шаҳрҳои Бонки Осиёии Рушд хонум…

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Шумо пазмон шудед

БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ НУЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

  • October 3, 2024
  • 82 views

Раёсати «Амри маъруф»-и Толибон дар Сарипул 100 адад асбобҳои мусиқиро оташ заданд.

  • July 17, 2024
  • 97 views

БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

  • July 15, 2024
  • 49 views

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ, ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИКИ МИЛЛИТСИЯ РАҲИМЗОДА РАМАЗОН ҲАМРО БО КОРМАНДОНИ МАҚОМОТУ ИДОРАҲОИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • April 17, 2024
  • 78 views
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ, ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИКИ МИЛЛИТСИЯ РАҲИМЗОДА РАМАЗОН ҲАМРО БО КОРМАНДОНИ МАҚОМОТУ ИДОРАҲОИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ БА ИФТИХОРИ 79-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА

  • January 27, 2024
  • 60 views
ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ БА ИФТИХОРИ 79-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА

МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ДЕПАРТАМЕНТИ ОБТАЪМИНКУНӢ ВА РУШДИ ШАҲРҲОИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

  • January 27, 2024
  • 52 views
МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ДЕПАРТАМЕНТИ ОБТАЪМИНКУНӢ ВА РУШДИ ШАҲРҲОИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД