МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Истиқлол

Search
Search
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ Раиси шаҳри Душанбе

МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ДЕПАРТАМЕНТИ ОБТАЪМИНКУНӢ ВА РУШДИ ШАҲРҲОИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

ш.Душанбе. 23.04.2024. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед бо директори Департаменти обтаъминкунӣ ва рушди шаҳрҳои Бонки Осиёии Рушд хонум Ҷингмин Ҳуанг доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои обтаъминкунӣ ва корезӣ, энергияи сабз, нақлиёти ҳушманд, таҳкими фаъолияти минтақаҳои саноатӣ ва тағйирёбии иқлим мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.

Дар робита ба вазъи тағирёбии иқлим ва шиддат гирифтани пайомадҳои он, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва омилҳои манфӣ ба инфрасохтори шаҳри Душанбе зарур шумурда шуд.

Зимни мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ сурат гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон