МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Истиқлол

Search
Search
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ Раиси шаҳри Душанбе

БАРГУЗОРИИ ЧОРДАҲУМИН НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш.Душанбе. 20.04.2024. Имрӯз бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе Ниммарафони XIV байналмилалӣ баргузор гардид. Мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, дар асоси татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

Иштирокчиёни чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шодбош намуда, зикр дошт, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе нахустин мусобиқаи миллии кишвар мебошад, ки дар рӯйхати мусобиқоти Асотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидааст.

Дар Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе иштироки варзишгарон аз кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эфиопия, инчунин алоқамандону варзишгарони касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, аз қабили кормандони сафоратхонаҳо, намояндагони дипломатӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ширкат варзиданд.

Варзишгароне, ки ҷойҳои 1-ум то 6-умро байни мардон ва занҳо ишғол нмуданд, дар алоҳидагӣ бо мукофотпулӣ аз 38500 сомонӣ (3500$), 33500 сомонӣ (3000$), 27500 сомонӣ (2500$), 22000 сомонӣ (2000$), 19800 сомонӣ (1800$), 16500 сомонӣ (1500$) ва диплому ҷом дар МД Аҳорун қадрдонӣ карда мешаванд.

Ниммарафони байналмилалии Душанбе соли чордаҳум аст, ки бо мақсади рушду инкишофи намуди варзиши сабук, таъмини оммавияти варзиш, дарёфти беҳтарин марафончиён дар масофаҳои дур ва таҳкими дӯстию ҳамкорӣ миёни варзишгарони шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ ва робитаҳои иқтисодиву маърифатӣ баҳри таҷлили шоистаи Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад.

Ниммарафони мазкур сол то сол хусусияти хосро ба худ касб намуда, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гаштааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар низоми баргузории чорабиниҳои варзишии кишвар нахустин шуда, дар тақвими Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ба қайд гирифта шуда, ба хатсайри он моҳи ноябри соли 2013 Сертификати мутобиқати роҳ дода шуд.

Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе-2024 аз назди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи Пойтахт” тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то гардиши собиқ дидбонгоҳи БДА “Чорбоғ”, бозгашт то кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ-Карамов ва бурриши кӯчаи Карамов-хиёбони Рӯдакӣ то анҷом майдони “Дӯстӣ” дар масофаи 21 км 097 метр баргузор менамояд.

Ҳамин тариқ, пас аз тай намудани масофаи зикргардида, ғолибон муайян гардиданд.

Миёни мардон:

1.Виталий Шафа (Украина)

2. Отабек Тошқуватов (Ӯзбекистон)

3. Нодирбек Матолибов (Ӯзбекистон)

4. Рахимжан Калманов (Қазоқистон)

5. Ойбек Маҳмадаминов (Ӯзбекистон)

6. Юрий Чечун (Русия)

Миёни занон:

1. Азизахон Мирзахбарова (Ӯзбекистон)

2. Сергеева Виктория (Қазоқистон)

3.Маҳинабону Комилова (Ӯзбекистон)

4.Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон)

5.Уляна Кузминова (Тоҷикистон)

6. Маҳина Боронова (Тоҷикистон)

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон