Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
22 декабри соли 1977 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2000 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи М.С. Осимӣ бо ихтисоси сохтмони биноҳои саноатию шаҳрвандӣ хатм кардааст.
Солҳои 2000-2005 ба ҳайси мутахассис дар корхонаи истеҳсолии хоҷаги назди Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2005-2006 дар Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси саридораи мутобиқгардонии фаъолияти ташкилотҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 2006-2007 дар Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ ба ҳайси мутахассиси Бозрасии давлатии сохтмон кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2007-2009 дар Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ ба ҳайси мудири бахши озмоишӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 2009-2010 дар Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ ба ҳайси сардори гурӯҳи нозирони шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2010-2012 дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба ҳайси сардори Бозрасии назорати меъморӣ-сохтмонӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 20012-2017 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душабе ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2019-2020 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳайси муовини якуми Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2019-2020 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикӣ кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2020-2022 дар Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналӣ ба ҳайси муовини Раёсат кор ва фаъолият намудааст.
Аз 2 декабри соли 2022 дар Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналӣ ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсат кор карда, моҳи декабри соли 2022 Сардори ин Раёсат таъин гардидааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иҷрокунандаи вазифа ва аз моҳи марти соли 2025 ба вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.