15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Ба истифода додани корхонаи равған дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст. Технологияи воридшуда иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз то 7 тонна ашёи хомро коркард ва аз он равған истеҳсол намояд.
Корхонаи саноатӣ аз бинои истеҳсолӣ, маъмурӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва маҷлисгоҳ иборат буда, дар он 18 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти навро барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи маҳсулоти ниҳоӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, фарогирии шаҳрвандон ба ҷойи кор ва беҳшавии зиндагии мардум муҳим арзёбӣ карданд.
Умуман, дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ 25 иншооти нави истеҳсолӣ бунёду ба истифода дода шудааст.
Дар ҳамин рӯз дастовардҳои сокинони деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара, аз ҷумла таомҳои миллӣ, маҳсулоти гуногуни нонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои истеҳсолии меҳнаткашон муаррифӣ гардид.