15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНҲОИ «БЕҲТАРИН ҲАМСАР» ВА «БЕҲТАРИН ХУШДОМАН» ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Беҳтарин хушдоман» миёни сокинони ноҳия баргузор гардид. Озмунҳо бо мақсади таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ, баланд бардоштани мақому манзалати оила дар ҷомеа, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги оиладорӣ, инчунин муаррифии таҷрибаи оилаҳои намунавӣ ва саҳми онҳо дар тарбияи насли солиму худшинос доир карда шуданд.Дар ҷараёни озмун иштирокчиён аз рӯйи меъёрҳои муайяншуда маҳорати рӯзгордорӣ, муносибати нек ба аъзои оила, эҳтироми ҳамдигар, риояи анъанаҳои неки миллӣ ва нақши худро дар фароҳам овардани муҳити солиму устувори оилавӣ муаррифӣ намуданд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин озмунҳо ба таҳкими муносибатҳои оилавӣ, баланд бардоштани масъулияти ҳар як узви оила ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки ниёгон мусоидат намуда, барои таҳкими оила ҳамчун рукни асосии ҷомеа ва рушди фарҳанги оиладорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.