Дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва супориши бевоситаи Раиси ноҳия муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо дар МТМУ №9-и ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи кории Мақомот бо иштироки мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва намояндагони шуъбаву бахшҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо хонандагон ва волидайни онҳо вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни баргузории вохӯрии мазкур, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи энергетика”, “ Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи мақоми омӯзгор”, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, "Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" ва инчунин пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз бегонапарастӣ миёни мардум, мусоидат дар пешгирии хариду фурӯши одамон, нашъамандӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар гардид.