28-уми августи соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол миёни ҷавонон ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия идома ёфт. Мусобиқа аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии ноҳия» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.
Дар доираи мусобиқа дастаҳои футболи шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия ба майдон баромада, бо нишон додани маҳорати варзишӣ, иродаи қавӣ ва рӯҳияи баланди рақобатӣ барои ба даст овардани натиҷаи беҳтарин талош менамоянд. Чунин мусобиқаҳо барои ошкор намудани истеъдодҳои нави варзишӣ ва фароҳам овардани имконияти иштироки бештари ҷавонон дар чорабиниҳои варзишӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳадафи асосии баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону сокинон ба варзиш, истифодаи самараноки вақти холӣ ва пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб мебошад. Ҳамзамон, чунин чорабиниҳои варзишӣ ба таҳкими дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ташаккули рӯҳияи солиму фаъол дар байни ҷавонон мусоидат менамоянд.
Мусобиқаи футбол дар рӯзҳои минбаъда низ идома ёфта, дастаҳои шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия барои роҳ ёфтан ба марҳилаҳои минбаъда ва ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ рақобат хоҳанд кард. баргузории чунин иқдомҳои варзишӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва саҳмгузории ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия мусоидат менамояд.