15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ФАЪОЛИЯТИ ЗАНОН ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ҶОМЕА

25 декабри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баҳри шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Набизода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмадшарифзода, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурзода вохӯрии судманд бо омӯзгорону волидон баргузор гардид.
Дар аввал, муовини Раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки паём ҳуҷҷати созанда ва роҳнамои ҷомеаи мутамаддини кишварамон буда, ҳар як сухани Пешвои миллат моро баҳри ободонӣ, созандагӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқат ба Ватани маҳбубамон даъват менамояд. Аз инҷост, ки Сарвари давлат соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд.
Баъдан, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Набизода доир ба нақш ва аҳаммияти Паём ба зиндагии шоистаи мардум ибрози назар намуд. Зикр намуд, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳанги давлатии мо буда, онро бояд пос дорем ва аз тақлид ба фарҳанги бегона худдорӣ намоем. Тавре ки Роҳбари давлат дар ин бора дар Паём зикр намуданд, “бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”.Мо бояд дастуру супоришҳои Президенти маҳбуби кишварамонро сари вақт иҷро намуда аз пайравӣ ба ҳар гуна фарҳанг ва идеологияи бегона худдорӣ намоем.
Инчунин, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмадшарифзода афзуд, ки Паём бори дигар собит намуд, ки Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ амалӣ карда истодааст. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.