Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии ноҳия» мусобиқаи футбол миёни ҷавонон ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Дар доираи мусобиқа рӯзҳои 21–25-уми август як қатор вохӯриҳои футболӣ миёни дастаҳои шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар яке аз бозиҳо дастаи «Минтақаи 190» бар дастаи маҳаллаи «Бӯстон-2» бо ҳисоби 7:6 пирӯз гардида, бозии байни дастаҳои «Минтақаи 191» ва маҳаллаи «Бадахшон» бо ҳисоби 3:3 мусовӣ анҷом ёфт. Ҳамчунин, дастаи маҳаллаи «Гулистон» бар дастаи маҳаллаи «Зартеппа» бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард.
Мусобиқаҳои мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷавонону сокинон ба варзиш, истифодаи самараноки вақти холӣ ва пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб баргузор гардида, барои рушди маҳорати варзишӣ ва ташаккули рӯҳияи рақобати солим мусоидат менамоянд.
Мусобиқа идома дошта, дар рӯзҳои минбаъда низ дастаҳои шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарин ва ҷойҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ дар таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ташаккули рӯҳияи солиму фаъоли ҷавонон саҳми муҳим мегузорад.