15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ГАСТЕЛЛОИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар маҳаллаи Гастеллои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Чаманоро Рустам, муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Зуҳурзода Заррина, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмашарифзода, масъулини соҳаи кор бо занон ва оилаи пойтахт ва занони фаъол боздид аз заминҳои наздиҳавлигии хонаводаҳо баргузор гардид.
Зимни боздид таъкид гардид, ки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз манбаъҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо имкон медиҳад, ки хонаводаҳо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин гардида, хароҷоти рӯзгор коҳиш дода шавад.
Ҳамзамон, ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тавассути кишти сабзавот, полезӣ ва лӯбиёгиҳо, парвариши дарахтони мевадиҳанда, риояи қоидаҳои обёрии саривақтӣ ва сарфакорона, пешгирии ҳашароти зараррасон ва бемориҳои растанӣ, инчунин нигоҳдории ҳосилхезии хок тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.
Дар воқеъ, истифодаи дуруст ва самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ на танҳо ба афзоиши ҳаҷми ҳосил ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодии оила мусоидат мекунад, балки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ низ саҳми назаррас мегузорад.