25 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 35-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ мо бо такя ба иродаи қавӣ ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардумамон аз марҳалаҳои ниҳоят душвору сангини таърих сарбаландона гузаштем.