19 июн дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе, ки бо сафари расмӣ дар раъси як ҳайати баландпояи кишвари дӯст дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намуда, перомуни масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.
Зимни суҳбат аҳаммияти фаъол кардани муколамаи сиёсӣ ва тамосҳои созандаи корӣ дар сатҳҳои гуногун таъкид гардида, ба тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши дипломатияи парлумонӣ дар муносибатҳои ду кишвар ишора карда шуд.