Оғози фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат
20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд. Дар ин коргоҳи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, йогурт, кефири мевагӣ, дуғ, дуғоб, маска ва дигар навъҳои маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ дар як моҳ 30 тонна ва дар як сол то 360 тонна маҳсулоти ширии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифатро ташкил медиҳад.