15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ПАЁМ ДАЪВАТ БА ВАТАНДУСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

26-уми декабри соли равон дар идомаи баргузории вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳия бо омӯзгорону волидони хонандагони муассиса вохӯрӣ доир гарид.

Дар вохӯрии мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ориф Амирзода,  Дилноза Аҳмадзода, Ҷамила Мусоҷонзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Умед Содиқиён ва муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Шарофиддин Сафарбекзода ширкат варзиданд.

Дар оғози вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Шарофиддин Сафарбекзода меҳмононро муаррифӣ намуда, доир ба аҳаммияти Паём ва ҷойгоҳи он дар рушду пешрафти кишвар ибрози андеша намуд.

Дар идома вакилон қайд намуданд, ки андешаҳои созандаи Пешвои муаззами миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, дар марҳалаи аввали соҳибистиқлолии кишвар то ба имрӯз ба манфиати ҷомеа ба шумор рафта, аз аҳли нишаст даъват ба амал оварданд, ки мо бояд ҳамеша сарҷамъу муттаҳид, саҳмгузор дар ободонии Ватан ва дӯстдори кишварамон бошем, зеро бо иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва саъю талоши хастанопазир заррае ҳам бошад, содиқонаву софдилона баҳри гулгулшукуфоии кишвари маҳбубамон камари ҳимат бандем.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва сиёсӣ буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи минбаъдаи тараққиёти кишвари азизамон мебошад.

Дар охир дархосту пешниҳоди сокинони маҳал оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.