25-уми декабри соли равон дар идомаи баргузории вохӯриҳои
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони
ноҳияи Шоҳмансур оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар
бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025
дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансур бо сокинони
маҳаллаҳои Саноат, Зафар, Восифӣ, Шоҳмансур-1 ва Роҳи оҳанчиёни ноҳия вохӯрӣ
доир гарид.
Дар вохӯрии мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ориф Амирзода ва
Ҷамила Мусоҷонзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар ноҳияи Шоҳмансур Умед Содиқиён ва муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Шарофиддин
Сафарбекзода ширкат варзиданд.
Дар оғози вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Шарофиддин
Сафарбекзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, доир ба аҳаммияти Паём ва
ҷойгоҳи он дар рушду пешрафти кишвар ибрози андеша намуданд.
Дар идома вакилон доир ба иқтисодиёт, молия, саноат,
нақлиёт, хизмати маишӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, маориф ва илм, фарҳанг, ҳифзи
иҷтимоӣ, тандурустӣ, занон ва мавқеи онҳо дар низоми давлатдорӣ ва дигар
соҳаҳои муҳимми дар Паём ироашуда, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию
иқтисодии кишвар равона шудааст, суханронӣ намуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба мақоми олии қонунгузории
мамлакат – Маҷлиси Олӣ аз вазъи бисёр ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд. Дар
ин замина Сарвари давлат афзуданд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат
дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ, рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии
соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани шароити
мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад.
Инчунин гуфта шуд, ки дар робита ба таҷлили 35-солагии
Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 –
“Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву
худогоҳии миллӣ” ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда
шавад.
Дар охир дархосту пешниҳоди сокинони маҳал оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.