24 декабри соли равон дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриҳои
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 “Дар
бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассисаи
таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳия бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Амирзода, муовини Раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Н.Р.
Каримзода бо сокинони маҳаллаи Ховарон ва шаҳраки 192, 193-и ноҳияи Шоҳмансур
вохурӣ баргузор гардид.
Сараввал, муовини Раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода меҳмононро
ба ҳозирин муаррифӣ намуда, доир ба аҳаммияти Паём ва ҷойгоҳи он дар рушду
пешрафти кишвари азизамон ибрози андеша намуд.
Баъдан, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ориф Амирзода оид ба самтҳои иқтисодиёт, молия, саноат, нақлиёт,
хизмати маишӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, маориф ва илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ,
занон ва мавқеи онҳо дар низоми давлатдорӣ ва дигар соҳаҳои муҳим, ки дар Паём
ироа шуда буданд, суханронӣ намуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба мақоми олии қонунгузории
мамлакат – Маҷлиси Олӣ аз вазъи бисёр ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд. Дар
ин замина Сарвари давлат афзуданд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат
дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ, рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии
соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани шароити
мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад. Инчунин гуфта шуд, ки дар робита ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз
ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 – “Соли вусъат додани
корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба
ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.
Дар охир дархосту пешниҳоди сокинони маҳал оид ба ҳалли мушкилоти дар ҳудуди
маҳал ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.