Омӯзгорони муҳтарам!
Хонандагони гиромӣ!
Падару модарони арҷманд!
Фарорасии Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми омӯзгорону устодон, хонандагон ва аҳли маорифро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахусус аз номи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо самимона табрику таҳният мегӯям.
Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ яке аз санаҳои муҳим ва пурифтихори ҳаёти ҷомеа ба шумор рафта, оғози роҳи нав ба сӯи илму маърифат, худшиносиву худогоҳӣ ва тарбияи насли созандаву соҳибмаърифат мебошад.
Бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз барои рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва фароҳам овардани муҳити муосири омӯзишӣ тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд. Маҳз тавассути дастгирии доимии давлату Ҳукумат насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия меёбад.
Имрӯз ҷаҳони муосир аз ҳар як ҷавон донишҳои амиқ, ҷаҳонбинии васеъ, азхудкунии технологияҳои нав, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва малакаҳои рақобатпазирро талаб менамояд. Аз ин рӯ, хонандагон бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, бо азму иродаи қавӣ баҳри омӯзиши илмҳои замонавӣ ва ноил шудан ба дастовардҳои нав талош намоянд. Зеро маҳз ҷавонони соҳибдонишу соҳибкасб ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро месозанд.
Бо эҳтироми самимӣ ба меҳнати пуршарафи омӯзгорон, ки дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузоранд, ба ҳамаи устодону омӯзгорон барои фаъолияти пурсамар неруи тоза, ба хонандагон хониши аъло ва ба падару модарон рӯзгори ободу осударо таманно менамоям.
Итминон дорам, ки аҳли маорифи ноҳия минбаъд низ бо масъулияти баланд барои тарбияи насли босаводу ватандӯст саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи дониш, Дарси сулњ ва оғози соли нави таҳсил самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор, комёбиҳои нав ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ муборак!