15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи дониш

Омӯзгорони муҳтарам! Донишҷӯёну хонандагони азиз!
Бо камоли эҳтиром Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро ба кулли ҳамватанон, устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён самимона муборакбод менамоям.
Илму маориф ҳамчун заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва омили муҳимтарини пешрафти давлат дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад.
Тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ ба шарофати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуда, бо амалисозии иқдомҳои созанда барои насли наврас шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Вусъати бесобиқаи сохтмони муассисаҳои таълимию томактабӣ дар пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ далели равшани он аст, ки рушди маориф ва тарбияи насли ояндасоз дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, барои эъмори ҷомеаи донишбунёд ва пешрафта заминаи устувор гузошта мешавад.
Имрӯз дар назди соҳаи маориф вазифаи муҳими омода намудани насли донишманд, соҳибкасб, худшиносу ватандӯст ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир қарор дорад. Зеро ояндаи давлату миллат пеш аз ҳама ба дониш, ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон вобаста мебошад.
Итминони комил дорам, ки дар шароити таҳаввулоти амиқи технологӣ хонандагону донишҷӯёнро водор месозад, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода бурда, ҳамчун мутахассисони соҳибмаърифат барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми сазовори худро гузоранд.
Бори дигар оғози соли нави таҳсилро ба кулли мардуми Тоҷикистон, замватанони бурунмарзӣ ва аҳли маорифи кишвар муборакбод гуфта, ба ҳар як хонандаву донишҷӯ таҳсили пурмаҳсул ва ба Ватани азизамон шукуфоиро орзумандам.
Рӯзи дониш муборак бод замдиёрони азиз!