«Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Парчами давлатӣ танҳо як порча матои серанг нест, балки рамзи муқаддаси давлатдорӣ, истиқлолият, озодӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Парчами Тоҷикистон бо се ранги зебои худ — сурх, сафед ва сабз, дар қалби ҳар як Тоҷикистонӣ эҳсоси муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ ва садоқат ба сарзамини аҷдодиро бедор месозад.
Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисориҳо барои озодиву истиқлолият, ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ ва бахту саодат, ранги сабз бошад, рамзи табиати зебо, сарсабзиву хуррамӣ ва шукуфоии сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон аст. Тоҷу ҳафт ситора дар маркази Парчам рамзи давлатдории тоҷикон, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллат мебошанд.
Тавре Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад».
Парчами миллӣ моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанг ва саҳм гузоштан дар ободии Тоҷикистони азиз ҳидоят менамояд.
Вақте Парчами Тоҷикистон дар фазои озоду осоиштаи кишвар парафшон мегардад, дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар ҳисси ифтихор, масъулият ва муҳаббати беандоза ба Ватан ҷӯш мезанад.
Мо, насли имрӯз, вазифадорем, ки бо дониш, меҳнати содиқона, рафтори шоиста ва эҳтироми арзишҳои миллӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорем.
Бигзор Парчами муқаддаси миллати тоҷик ҳамеша дар фазои сулҳу ваҳдат парафшон бошад, Тоҷикистони азизамон ободу сарсабз, мардумаш хушбахту сарбаланд ва осмони Ватан ҳамеша софу беғубор бошад!
Парчамат ҳамеша парафшон бошад, Тоҷикистони азизам!
Бо ту ифтихор дорем, Ватани маҳбубам!