Пешвои миллат дар паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ таъкид намуда буданд, ки: “Мо таҳти Парчами давлатӣ ба дастовардҳои бузург, аз ҷумла, ваҳдати миллӣ ва даврони созандагӣ расидем ва минбаъд низ бо ҳамин рамзи муқаддас сиёсати созандагиву бунёдкоронаро...пеш хоҳем бурд.”
Воқеан, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори кишвар ва арсаи байналмилалӣ парафшон буда, аз ҳастии давлати соҳибистиқлол ва мавқеи шоистаи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Эҳтиром ба Парчам эҳтиром ба таърих, фарҳанг, сохти давлатдорӣ ва арзишҳои миллии мост.
Парчами давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақому манзалати хосса дошта, таҷассумгари ормонҳои ҳазорсолаи халқ, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва рамзи ҳастии миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Парчами миллии мо бо се ранги муҷаллову муқаддаси худ мазмуну моҳияти амиқи таърихӣ дорад, ҳар як ранг ифодагари арзишҳои муҳимми миллӣ ва ормонҳои созандаи халқ мебошад. Парчами моро ба ваҳдату ҳамдилӣ, дӯстиву рафоқат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд, маҳз дар зери ин ливои муқаддас мардуми Тоҷикистон барои ободии Ватан, пешрафти соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саъю талош менамояд. Суннати парчамдории тоҷикон таърихи куҳан дошта, аз насл ба насл гузашта, имрӯз дар симои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷаасум ёфтааст.
Парчами миллӣ моро ба шинохти таърихи пурифтихори ниёгон, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои маънавию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳидоят намуда, дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар ҳисси ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва масъулиятро дар назди Ватани азиз бедор месозад.
Хушбахтона, ба шарофати истиқлоли давлатӣ мо тоҷикон низ соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Воқеан, соҳиби парчами давлатӣ будан, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатии миллат аст, зеро Парчам таърихи гузашта, ҳаёти имрӯза ва ормонҳои ояндаи моро бо ҳам мепайвандад.
Ифодаи рамзии ранг ва тасвирҳои парчамҳои давлатӣ аз замони бостон, миёна ва баъд аз он рангҳо ва нақшҳое буданд, ки сокинони шаҳр ё давлатҳо онро муқаддас мешумурданд ва эҳтиром мегузоштианд. Интихоби рангҳо ба онҳо ва зуҳури рамзҳо рӯи ин парчамҳо тасодуфӣ набуд, зеро ҳар ранг ва ҳар рамз ба таърих ва фарҳанги ҳар миллат робитаи ногусастанӣ доштанд. Тавзеҳи рангҳо ва тасвирҳои парчамҳо бештар вақт баёнгари таърихи арзи вуҷуди онҳост, ки гоҳе дар нигориши осори таърихӣ ва дигар сарчашмаҳои таърих ва воқеанигорӣ ҳифз шудаанд. Рангҳо намоди мафҳумҳои хоссаро ифода мекунанд. Вексиллология (илми парчамшиносӣ), ки аз риштаҳои ёрирасони илми таърих буда, таърихи пайдоиш, ташаккул, рушд, мазмун, рамзшиносӣ, шакл, ранг, таркиб ва тарзи истифодаи парчамҳоро меомӯзад. Истилоҳи «вексиллология» аз ду решаи забонӣ ташаккул ёфтааст: Vexillum – калимаи лотинӣ буда, маънои парчам ё дирафшро дорад ва Logia – унсури юнонӣ буда, маънои омӯзиш ё илмро ифода мекунад. Ин истилоҳро олими амрикоӣ Уитни Смит (Whitney Smith) соли 1957 пешниҳод кардааст. Ӯ яке аз асосгузорони омӯзиши муосири илмии парчамҳо ба ҳисоб меравад. Илми мазкур самтҳои асосии зеринро дар бар мегирад: 1. Таърихи пайдоиш ва ташаккули парчамҳо дар тамаддунҳои гуногун; 2. Маънои рамзӣ ва таърихии рангҳои парчамҳо; 3. Мазмун ва аҳаммияти рамзҳои дар парчамҳо ҷойгиршуда; 4. Робитаи парчам бо истиқлолият, давлатдорӣ ва ҳувийяти миллӣ; 5. Қоидаҳои таҳия, тасдиқ, истифода ва эҳтироми парчамҳои давлатӣ; 6. Нақши парчам дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия. Аз ҷумла, рангҳо ифодагари муносибатҳои гуногун мебошанд. Барои мисол ранги сурх баёнгари ишқ, мардонагӣ, шуҷоат, саховат, ҷасорат ва бебокӣ; ранги обӣ садоқат, покдоманӣ, вафодорӣ; ранги бунафш: тасаллут, саховат, тақво, эътидол, иззат, неру, қудрат; ранги сабз: умед, фаровонӣ, озодӣ ва хуррамӣ; ранги сиёҳ: хирад, эҳтиёт, субот, шикастанафсӣ ва донишмандӣ будааст. Дар ин асос муносибат ба рангҳои парчам ба унвони як меъёри муқаддас шакл гирифта буд.
Рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби иҷлосия шонздаҳуми Шурои Олии Тоҷикистон қабул гардид, мафҳумум рамзи ифодаи рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андешаву афкори мардуми ориёист. Рангҳои сурх, сафед ва сабз рамзҳои се табақаи ҷомеаи аҳди бостони ориёиён: низомиён-ранги сурх, руҳониён – ранги сафед ва кишоварзону чорводорон – ранги сабз ё кабуд (нилӣ) маҳсуб мешуд, ки ҳар кадоме ҷойгоҳи махсусеро дар ҷомеаи инсонӣ доштанд.
Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, Парчами давлатӣ маънои арҷгузорӣ ба давлат ва ифтихор аз гузаштаву имрӯзу фардои халқи азизи худ ба шумор меравад. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва Пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррифкунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад”.
Парчами давлатӣ нишонаи бақои давлат ва ҳастии давлати соҳибистиқлол, муттаҳидию якдилӣ, ваҳдату ягонагӣ, иттиҳоду сарҷамъии мардум буда, олитарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандорӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ҳувийяту худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Бигузор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, ифтихору сарбаландӣ, нангу номуси миллати тоҷик дар фазои осоиштаи кишвар доиман парафшон ва сароғозу илҳомбахши раванди созандаю ободкориҳои меҳани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон бошад. Парчами баланд, миллат сарбаланд, Ватан обод ва ваҳдати мо ҷовидон бод!
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!