15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ПОС ДОШТАНИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА АРҶ ГУЗОШТАН БА АРЗИШҲОИ МАЪНАВИИ КИШВАР ВАЗИФАИ МОСТ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16-уми декабри соли 2025 фарогири масъалаҳои ҳаётан муҳимми соҳаҳои гуногуни кишвар буда, барномаи комилан асоснок баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии кӯтоҳмуддат ва миёнамуҳлати давлат ва ҳукумат ба шумор меравад.

Имсол низ дар Паёми Пешвои миллат як қатор дастуру пешниҳодҳои муфид оид ба рушди ҷомеа, хусусан, рушди маориф ва илм, фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум пешниҳод гардид. Барои боз ҳам пурмазмуну мақсаднок ба роҳ мондани самтҳои афзалиятноки кишвар, ки масъалаи мактабу маориф, таълиму тарбия, рушди илму фарҳанг аст, ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи хосси давлат ва ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар Пайми навбатӣ Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки “...мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем”.

Тавре шоҳид ҳастем, асри XXI – асри тараққиёти босуръати илму техника мебошад. Бинобар ин, дар Паём дастур дода шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва илмиву таҳқиқотиро зарур аст, ки бо истифода аз он  имкониятҳое, ки давлат ва ҳукумат дар самти таълиму тарбия фароҳам овардааст, аз усулҳои муосири таълимӣ ва технологияи инноватсионӣ дар инкишофи мактабу маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон бояд саҳмгузор бошанд. Чи тавре ки дар Паёми Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, наврасону ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши муҳим дорад.

Дар баробари маориф ва илм соҳаи фарҳанг низ ба яке масъалаи муҳим, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳукумати мамлакат қарор дорад. Тавре дар Паём ироа гардид, аз ҷониби ҳукумати кишварамон дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳанг сохта, ба истифода дода шуда, 350 иншооти дигари ҳамин соҳа таъмиру азнавсозӣ гардиданд, яъне ҳадафу мароми Пешвои муаззами миллат аз ин ободониву созандагӣ, бунёдкорӣ ин баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ба омӯхтани таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон сатҳи маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, ки қишри пешбарандаи ҷомеа мебошанд, ба ҳисоб меравад.

Идомаи мантиқии чунин таваҷҷуҳу ғамхориҳост, ки Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро дар пойтахти кишвари маҳбубамон – шаҳри Душанбе  сохта истодааст, ки дар арафаи таҷлил аз ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Боиси ёдоварист, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, насли наврас, ки зери таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат қарор доранд, аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯйи адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳои кишвар дастрас карда шуд.

Тайи чанд соли ахир бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва ҳаммосаи ҷаҳонӣ - “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии кишвар ройгон туҳфа карда шуд, ки ин иқдом дар таърихи давлатдории мо беназир аст, зеро таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба таъриху фарҳанги миллӣ, пос доштану ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани осори зерин аз нуктаи баланди сиёсати хирадмандона, фарҳангсолор ва маорифпарваронаи Пешвои миллат дарак дода, ҳамчун рамзи соҳибхирадӣ ва идомаи иқдомҳои неку ҳадафманди Роҳбари давлат мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки давоми соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон воқеъ гаштаанд, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи моро муҳтарам Пешвои миллат дар мисоли Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашнҳои Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки ба табиат зич алоқаманд ҳастанд, бори дигар таъкид доштанд, ки гузаштагони ориёии мо дар пешрафти тамаддуни башарият нақши муассир бозидаанд, ки боиси сарбаландии мо – тоҷикон мебошад. Дар ҳамин росто Роҳбари давлат ба масъулин дастур доданд, ки дар пойтахти кишвар Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шаванд.

Инчунин, дар Паёми мазкур зикр гардид, ки “...боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд”.

Яқинан метавон гуфт, ки аҷдодони мо – ориёиҳо ва умуман, миллати тоҷик миллати фарҳангиву тамаддунсоз дар марҳалаҳои гуногуни таърихи башарият ба шумор меравад. Имрӯзҳо мо муваззаф ҳастем, ки дар баробари ифтихор доштан аз мероси оламшумули ниёгони худ онро ҳифз кунем ва чунончи Пешвои миллат қайд менамоянд: “...мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек”-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”.

Дар ахир нуктаеро гуфтан зарур аст, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, аз ҷониби мардуми сарбаланди диёрамон бо самимият истиқбол гардид.

 

Сайфиддин МУРОДОВ,

мудири бахши иттилооти 

дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур