Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
20 июн дар оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои маъмурии фурудгоҳи Ховалингро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои маъмурии фурудгоҳ аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои интизорӣ, ҷаласа ва қабулу гусели мусофирон инчунин меҳмонхона иборат буда, инфрасохтори он барои хизматрасонӣ ба мусофирон мувофиқ гардонида шудааст.
Зимни боздид аз шароити кории бинои Фурудгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯстро дар амалигардонии тадбирҳои ободонӣ ва созандаи кишвар шоистаи таҳсин хонданд.
Таъкид гардид, ки ин лоиҳаро метавон ҳамчун намуна бо такмили иловагӣ дар бунёди фурудгоҳҳои маҳаллии дигар шаҳру ноҳияҳо истифода кард.