15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

СОЛҲОИ 2027–2036 – ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛИ ОЯНДА

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои дигар, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2027–2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои насли оянда эълон намуд. Ҳадафи асосии ин даҳсола таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ, густариши фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, муколама ва ҳамкории байни давлатҳо, инчунин ҷалби ҷавонон ба таҳкими сулҳи пойдор мебошад.
Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, тағйирёбии иқлим, мушкилоти иқтисодӣ ва дигар буҳронҳо рӯ ба рӯ аст, сулҳ ҳамчун арзиши олӣ ва шарти асосии рушди устувор аҳаммияти бештар касб мекунад. Аз ин рӯ, Созмони Милали Муттаҳид ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамкории созанда даъват намудааст.
Барои Тоҷикистон ин иқдом аҳамияти хос дорад. Кишвари мо баъди расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ тавонист роҳи рушди устуворро интихоб намояд ва имрӯз низ сиёсати хориҷии худро бар асоси сулҳҷӯӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байналмилалӣ пеш мебарад. Пешниҳоди ин ташаббус дар сатҳи байналмилалӣ боз як далели саҳми фаъоли Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ мебошад.
Дар доираи даҳсолаи мазкур таваҷҷуҳи махсус ба ҷавонон ва насли наврас равона карда мешавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва рушди фарҳанги муколама аз ҷумлаи самтҳои муҳими ин ташаббус мебошанд. Ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии ҷомеа метавонанд дар таҳкими сулҳ, пешгирии ифротгароӣ ва бунёди ҷомеаи одилона нақши муассир гузоранд.
Татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои насли оянда танҳо бо саъю кӯшиши муштараки давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа имконпазир аст. Таълиму тарбия дар рӯҳияи сулҳдӯстӣ, эҳтиром ба қонун, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ кафолати рушди ҷомеаи орому пешрафта мебошад.
Хулоса, эълони солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои насли оянда қадами муҳим дар роҳи таҳкими сулҳу амният, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Ин ташаббус бори дигар аҳамияти сулҳро ҳамчун асоси рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуда, ҳамаи давлатҳо ва мардумони ҷаҳонро ба ҳамкорӣ барои бунёди ояндаи осоишта ва пурсаодат даъват мекунад.
Акбар ҲУРМАТЗОДА,
директори Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур"-и шаҳри Душанбе