15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

«СУФРАИ МОДАР — АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ»

Бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими мақому манзалати занону модарон, эҳёи суннатҳои неки тоҷикона ва дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангии ҳизбиён таҳти унвони «Суфраи модар — арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш аъзои Раёсати ҲХДТ, собиқадорон, ходимони ҷамъиятӣ, роҳбарону намояндагони мақомоти давлатӣ, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, аъзои Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, раисони маҳаллаҳою фаъолзаноне, ки озмуни ҳунармандии “Суфраи модар”-ро доир намуданд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар меҳмонони ифтихорӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ меҳмонон иброз доштанд, ки модар чароғи хонадон, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нахустин тарбиятгари инсон мебошад. Таъкид гардид, ки ҳифзи суннатҳои миллӣ, эҳтиром ба занону модарон ва таҳкими оилаи солим аз арзишҳои муҳими ҷомеаи муосир буда, сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа заминаҳои устувор фароҳам овардааст. Ҳамчунин аз ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар самти эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҷалби бонувон ба корҳои созандагӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони озмуни ҳунармандии «Суфраи модар», ки аз моҳи январи соли 2026 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди он дар маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардида буд, доир гардид.
Ғолибон аз рӯи Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм, инчунин беҳтарин иштирокчиён аз рӯи номинатсияҳои гуногун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ба ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ ҳусни тоза бахшид. Ҳунармандони маъруфи санъат бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ва миллӣ, инчунин рақсу таронаҳои дилнишин фазои идонаро ғанӣ гардонида, руҳияи иштирокчиёнро болида намуданд.
Ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангии ҳизбиён таҳти унвони «Суфраи модар — арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» бори дигар аҳаммияти арҷгузорӣ ба модар, таҳкими оилаи солим, эҳёи фарҳанги миллӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯстро таъкид намуда, ҳамчун як иқдоми муҳим дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.