Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия Зуҳурзода Заррина, ходими илмӣ, номзади илмҳои иқтисодии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуллоев Абдукарим, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, корманди маҷаллаи “Садои шарқ” Бузургмеҳри Карим, намояндагони сохторҳои ноҳиявӣ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар идома иштирокдорон оид ба аҳаммияти таърихию сиёсии Парчами давлатӣ, ҷойгоҳи он дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ибрози назар намуданд.
Зимни чорабинии идона зикр гардид, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 24 ноябр баргузор гардида, барои мардуми сарбаланди мамлакат яке аз санаҳои муҳимму арзишманди миллӣ ба шумор меравад. Ин ҷашн мардумро дар атрофи рамзи муқаддаси давлатдорӣ муттаҳид намуда, эҳсоси ифтихор аз Ватан, садоқат ба давлат ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро боз ҳам тақвият мебахшад.
Қайд гардид, ки миллати сарбаланд ва куҳанбунёди тоҷик беш аз чор ҳазор сол қабл соҳиби парчам буд ва онро ҳамчун рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору номус эҳтиром менамуд. Дар тӯли таърих мардуми тоҷик зери ливои хеш муттаҳид гардида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус, забону фарҳанги худро ҳимоя намудаанд ва ин рисолати таърихиро имрӯз низ идома медиҳанд.
Таъкид карда шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин санаи таърихӣ ҳамасола аз ҷониби сокинони мамлакат бо ифтихор ва самимияти хоса таҷлил карда мешавад. Дар марҳалаи ҳассоси давлатсозӣ Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, иттиҳоди миллат ва оғози марҳилаи нави таърихии кишвар аҳаммияти хос пайдо намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву худшиносии шаҳрвандон заминаи муҳим гардид.
Дар ин раванд, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими давлатдории соҳибистиқлол ва баланд бардоштани мақоми муқаддасоти давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ, назаррас мебошад. Бо ташаббус ва сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон, 30 августи соли 2011 дар остонаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Парчами давлатӣ бо баландии 165 метр ва паҳноии 60 бар 30 метр қомат афрохт. Ин иқдом дар он замон ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими кишвар муаррифӣ гардида, боиси ифтихори мардуми тоҷик ва таҷассумгари эҳтирому садоқат ба муқаддасоти миллӣ гардид.
Зимни идомаи чорабинӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистони - Душанбе» диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар анҷоми чорабинии тантанавӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид. Ҳунармандон ва ҷавонони боистеъдод бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва идона ба чорабинӣ шукӯҳи хос бахшида, фазои идона ва эҳсоси гарми ифтихори миллӣ дар байни иштирокдорон боз ҳам баланд гардид.
Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, сарбаландӣ ва садоқат ба Ватан моро водор месозад, ки бо ҳисси масъулияти баланд дар роҳи ободии Тоҷикистони маҳбуб, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ояндаи дурахшони он саҳми муносиб гузорем.