Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон дар маҳал, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмини захираи кофии маводи озуқа барои фасли зимистон, инчунин тарғибу ташвиқи расму ойин ва анъанаҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани таомҳои миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар маҳаллаи «Гастелло»-и ноҳияи Шоҳмансур боздид бо усули «хона ба хона» ва «маҳалла ба маҳалла» анҷом дода шуд.
Дар боздиди мазкур Одиназода Чаманоро Рустам муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Зуҳурзода Заррина, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмашарифзода ва фаъолзанони пойтахт иштирок намуданд.
Зимни боздид масъулин бо вазъи заминҳои наздиҳавлигӣ, тарзи истифодаи самараноки онҳо, инчунин истеҳсол ва захираи маҳсулоти ғизоӣ дар хонадон шинос гардида, бо аҳли оила оид ба аҳамияти захираи маводи озуқа барои фасли зимистон, истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии оила суҳбат намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби аҳли оилаи мазкур ва дигар сокинони маҳалла намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, инчунин маҳсулоти дастии дорои нақшу нигори миллӣ, аз қабили чакандӯзӣ ва зардӯзӣ ба маъраз гузошта шуда, сару либоси миллӣ ва дигар анъанаҳои хоси фарҳанги миллӣ ба меҳмонону иштирокчиён муаррифӣ гардид.
Бояд зикр намуд, ки ҳунарҳои мардумӣ на танҳо таҷассумгари зебоӣ, завқи эстетикӣ ва маҳорати ниёгон мебошанд, балки ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ нақши арзанда доранд.
Тарғибу эҳёи ойину суннатҳои миллӣ имкон фароҳам меорад, ки мероси фарҳангии гузаштагон ҳифз ва идома дода шуда, дар замири насли ҷавон эҳсоси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва муҳаббат ба анъанаҳои неки ниёгон бештар тақвият ёбад.