15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАМЧУН ХАТАРҲОИ МУОСИРИ ГЕОПОЛИТИКӢ БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастовардест, ки аз ҷиҳати ахамияти сиёси ва маънавиаш дар тӯли ҳазорсолаҳо назир надорад. Агар насли имрузаи Тоҷик ин маъниро амиқ дарк намояд, пас барояш ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ бояд қарз ва вазифаи ҳаётан муҳим маҳсуб ёбад. Ҳаргуна хатар ба Истиқлолияти давлатамон бояд мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор дода шуда, намудҳо ва шакли зуҳуроти онҳо дақиқ, роҳҳо ва усулҳои пешгирии онҳо муайян ва баҳри аз байн бурдани онҳо тадбирҳои мушаххаси самаранок амалӣ карда шаванд.
Чунин ба назар мерасад ва ин бояд асоси вокеӣ ҳам дошта бошад, ки терроризм ва экстремизм дар замони ҳозира яке аз хатарҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, ки ба масъалаҳои геополитикӣ сахт тавъам мебошанд. Дар умум мафҳуми геополитика ба роҳ мондани сиёсати давлатҳо, хусусан сиёсати берунаи онҳоро дар асоси хусусияти ҷойгиршавии онҳо дар назар дорад. Аммо воқеияти ҷаҳони имруза нишон медиҳад, ки ба маънои геополитика абарқудратҳо, зери пардаи манфиатҳои миллиашон, тобиши нисбатан дигарро доданд. Яъне абарқудратҳо сиёсати берунаи худро нисбати давлатҳои дигар дар асоси факторҳои географии он, аз қабили: ҷойгиршавии географии давлат, тӯли сарҳади давлатӣ ва хусусиятҳои хоси маҳалли тулкашии он, иқлим ва захираҳои табиии давлат ва монанди инҳо ба роҳ монда, барои мустаҳкам намудани мавқеи геополитикии худ аз тамоми омилҳои машруъ ва ғайримашруъ истифода мебаранд.
Яке аз усулҳои ғайримашруъи онҳо - ин зери ниқоби манфиатҳои миллиашон ҳавасманд гардонидани гуруҳҳои экстремистиву террористӣ мебошад. Мисоли инро дар таърихи навтарин дидан мумкин аст, ки дар ҳудудҳои зери манфиатҳои абарқудратҳо қарордошта чи гуна аз гурӯҳҳои хурд - хурди экстремистиву террористӣ то ташкилотҳои азими террористӣ бо хамаи нишонаҳои як давлати тамом, аз қабили «Толибон», «Ал- Койида» ва ниҳоят ташкилоти террористии аз хама даҳшатноки ба ном Давлати исломӣ арзи вучуд кардаанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронияшон қайд кардаанд:
“Дар тӯли асрҳо инсон дар баробари кашфиётҳои нодир силоҳҳои даҳшатноке низ сохтааст, ки ҳадафи онҳо қатли ом ва аз неъмати бузургтарин, яъне ҳаёт маҳрум сохтани инсон аст. Ҳоло муайян кардан душвор аст, ки имрӯз чи чиз ба ҳаёти инсоният хатари бештар дорад: аслиҳаи ядроӣ ё дақиқзан, химиявӣ ё бактериологӣ. Ин хатари даҳшатнок баъди ба арсаи ҷаҳони ворид гардидани терроризми байналилалӣ хислати сифатан нав гирифт. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ дар сиёсати имрӯзаи бисёр кишварҳои ҷаҳон мавқеи хоса пайдо кардааст.”
Аз ин лиҳоз, мубориза бо терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба созмонҳои террористию экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо аз муҳимтарин вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбад. Инро ба хубӣ дарк намуда, давлати Тоҷикистон дар симои роҳбарияти сиёсии он ва мақомоти марбута ҷихати муқовимат ва мубориза бо терроризм ва экстремизм собитқадамона тадбирҳои самаранок меандешанд.
Тоҷикистон миллати сулҳофару башардӯст буда, барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ваҳдату субот қадамҳои устувор мегузорад. Ва ин аст, ки миллати тоҷик ба ҷаҳониён намунаи олии ибрат аз давлатдориву давлатсозӣ аст. Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид месозанд, ки террорист миллат, ватан ва дин надорад. Агар медошт, ба ватану модар ва сарзамине, ки онро парваридааст асло хиёнат намекард. Тоҷикистон аз азал фарзандони бонангу номус ва қавииродаро тарбия намудааст, ки дар роҳи ватансозӣ тамоми кушишҳои худро равона намудаанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба торафт мураккаб гардидани вазъи ҷахони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон таваҷҷӯҳи алоҳида зохир намуданд.
"Таърихи миллати мо саропо аз муборизаҳои ошкору ниҳон барои нигоҳ доштани ҳастӣ, оини давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ иборат аст"
Эмомали РАХМОН
Ин суханони арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ёдоварӣ аз гузаштаи пурифтихори миллат ишораест ба имрӯзиёну ояндагон ҷиҳати ибрат гирифтан аз аждодони миллатдӯсту ватанпарварамон. Ин таъкиду ишора бо назардошти вусъати хатарҳои геополитикӣ ва хусусияти наву мазмуни тозаро касб кардани онҳо аҳамияти бештарро касб мекунад. Бо назардошти ин моро зарур аст, то дар тақвият додани идеологияи миллиамон талош варзем ва ба он дар баробари хатарҳои маргбори геополитикӣ масъуният бахшем.
Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки пешниҳодоти зиёди саргармкунанда доранд истифодабарандагон, махсусан ҷавононро ба худ алоқаманд мекунад. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ одат мешавад. Бе мухобот ҳамон гунае, ки шахси майзада ба май ва ба маводи мухаддир одат мекунад. Маводу маълумотҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд, маҳз аз тариқи иштирокчиёни он паҳн карда мешаванд. Шабакаҳои иҷтимоӣ маъмулан ба иштирокчии худ имкон медиҳад, ки дар зери маводи чопшуда фикри худро нависад, тугмачаи «ба ман писанд аст»-ро пахш намояд ва ё ин маводро аз номи худ ва дустонаш дар гуруҳ ва ё дигар табақаҳои иҷтимоӣ фиристонад.
Хатари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имрӯз бештар ба назар мерасанд, тавассути гурӯҳҳои ифротӣ мағзшӯӣ шудани ҷавонон мебошад. Бо ин васила ҷавонон истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба шабакаҳои экстремистӣ ҷалб гардида, барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ осебпазир мегарданд. Роҳи асосии пешгирии ин амали ноҷо, дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва дур будан аз гуруҳҳое, ки хусусият ва мақсадҳои экстремистӣ ва хурофотӣ доранд мебошад.
Дар умум вазъи ҷаҳони муосир талаб мекунад, ки ҳар як фарди ҷомеа зиракии сиёсии худро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани терроризму экстремизм фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳои фароҳамгардидаро истифода намоем. Аз ин лиҳоз, мо ҷавонон бояд дар сафи пеш истода, бо ин хатарҳои рӯзмарра муқовимат зоҳир намоем. Зеро ҷавонон давомдиҳанда ва таҳкимбахшандаи кору пайкори ин миллати соҳибтамаддун мебошанд.


АНУШЕРВОН ИСМАТОВ
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе