15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ВОХӮРӢ БО АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 0125-И ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарони қисми ҳарбии 0125-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ҷашни муҳими миллӣ буда, даврони соҳибистиқлолӣ бо таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун аҳамияти хос дорад.
Ҳамзамон, доир ба эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, садоқат ба Ватан ва масъулияти ҷавонон дар ҳифзи сулҳу субот ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳимояи марзу буми кишвар ва хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба як қатор афсарону сарбозони шуҷои Ватан барои хизмати содиқона ва саҳми арзанда дар ҳифзи марзу буми кишвар Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.