25 августи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Мавсума Муинӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3, даъвати VII Амирзода Ориф Ҳамид ва муовини раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зухурзода Зарина, иштирок намуданд.
Дар мулоқот инчунин роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур, сардорони раёсату шуъбаҳо ва мудирони бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва дигар фаъолон иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ободониву созандагӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар мебошад. Дар ин давра бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, барои рушди иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва инфрасохтор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Қайд гардид, ки корҳои ободониву созандагӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии мардум вусъат меёбанд.
Ҳамзамон, ба нақши ҷавонон дар рушди минбаъдаи давлат, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва идомаи корҳои созандагӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Зикр гардид, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд барои ҳар як шаҳрванд ҳамчун омили таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ хизмат намуда, ҳар як сокинро ба саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят намояд.
Мулоқот дар фазои созанда баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо, баррасии масъалаҳои мавҷуда ва идомаи корҳои ободониву созандагӣ баён намуданд.