15px

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои бошукуҳи наврӯзӣ доир гардиданд.

Ҳамватанони азиз! Сокинони фарҳангдӯсти пойтахт! Дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик менамоям.