Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштироки фаъолона нишон дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Тибқи натиҷаҳо, соли 2026 хонандагони муассисаҳои таълимии буҷетии мақомоти ноҳиявӣ дар даври шаҳрии озмун ба гирифтани 11 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 4 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Ҳамзамон, хонандагони муассисаҳои таълимии мақомоти шаҳрӣ, хусусӣ ва тобеи ташкилоту идораҳо соҳиби 3 ҷой, аз ҷумла 1 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм гардиданд. Дар маҷмӯъ, намояндагони муассисаҳои таълимии ноҳия 14 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд.
Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2025 афзоиши натиҷаҳои хонандагони ноҳияи Шоҳмансурро нишон медиҳад. Дар соли гузашта дар маҷмӯъ 11 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 8 ҷой аз ҳисоби муассисаҳои таълимии буҷетии мақомоти ноҳия ва 3 ҷой аз ҳисоби муассисаҳои таълимии мақомоти шаҳрӣ, хусусӣ ва тобеи ташкилоту идораҳо ба даст омада буд. Натиҷаҳои имсола далели таваҷҷуҳи пайваста ба рушди қобилияти зеҳнӣ, донишомӯзӣ ва истеъдоди хонандагон буда, аз иштироки фаъолонаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ шаҳодат медиҳанд.