3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, як қатор иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 8 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, беш аз 150 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ҳамин ҷо, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев марҳилаи 1, таҷдиди пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои Сирдарё дар хиёбони Исмоили Сомонӣ марҳилаи 2, мустаҳкамкунии соҳил ва таҷдиди роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё марҳилаи 3, таҷдиди хиёбони Истиқлол марҳилаи 4 муаррифӣ карда шуд.
Ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои дар оянда татбиқшаванда дар вилояти Суғд ба монанди сохтмони Маркази тамаддуни ориёӣ ва Китобхонаи вилоятӣ, Чойхонаи миллӣ дар соҳили дарёи Сир, меҳмонхонаи Ҳилтон, маҷмааи меҳмонхонаи Истиқлол ва навсозии меҳмонхонаи Хуҷанд дар шаҳри Бустон муаррифӣ карда шуд.