ҚАДАМЕ БА СУЙИ ШАҲРИ САБЗ
28/02/2026
Имруз дар доираи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосггузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ғалаба маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар рафти маъракаи ниҳолшинонӣ қайд гардид, ки иқдоми мазкур идомаи ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат буда, дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ин навбат дар боғи мазкур зиёда аз 1000 бех дарахти навъи санавбар шинонида шуд. Инчунин гуфта шуд, ки шинонидани дарахтони ҳамешасабз натанҳо зебоии боғро меафзояд, балки дар фаслҳои гуногуни сол муҳити солиму дилфиреб фароҳам меоранд.
Ҳамзамон, давоми рӯз дар доираи барномаи кабудизоркунӣ дар минтақаи 14-15-и маҳаллаи “Ховарон”и ноҳия аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарахтони санавбар шинонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар кӯчаву хиёбон ва боғҳои ҳудуди ноҳия корҳои сабзу хуррамгардонӣ идома доранд.