15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Қадами устувори ҷавонони ноҳияи Шоҳмансур дар роҳи илму адаб

Дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия маҳфили адабӣ таҳти унвони "Китоб - фурӯғи маърифат" баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки чунин маҳфилҳо мунтазам барои баланд бардоштани завқи хонандагон ба китобхонӣ ва омода намудани онҳо ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил мегарданд. Ин ташаббусҳо барои кашфи истиъдодҳои нав, сайқал додани маҳорати суханварии насли наврас ва васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии онҳо заминаи мустаҳкам мегузоранд. Маҳфили мазкур ба ҷавонон имкон медиҳад, ки бо ҷаҳони афсонавию пурҳикмати асарҳои бадеӣ бештар шинос шуда, робитаи худро бо хазинаи маънавии миллат мустаҳкам намоянд.
Илова бар ин, ин гуна чорабиниҳои маърифатӣ дар тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ нақши барҷаста доранд. Онҳо ҷавононро барои иштироки фаъолона дар озмунҳои бонуфузи кишвар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», омода намуда, илҳом мебахшанд, ки дар оянда ҳамчун шахсиятҳои соҳибмаърифату созандаи ватан ба воя расанд ва дар рушди ҷомеа саҳми арзишманди худро гузоранд.