15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ҚАДРДОНИИ 159 НАФАР СОБИҚАДОРОНУ КОРМАНДОНИ СОҲА ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ДАР ДОИРАИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР

30 сентябри соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки муовини раиси ноҳия З.Зуҳурзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Мусоҷонзода, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Д.Сатторзода, собиқадорони соҳа, инчунин роҳбарон ва омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимии ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор баргузор шуд.
Дар оғози чорабинӣ муовини раиси ноҳия З.Зуҳурзода баромад намуда, изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Боиси хурсандист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгорон дар сатҳи баланд қайд мешавад. Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.
Зикр гардид, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифи пойтахт ва ба ҳаёту фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, вобаста ба дастовардҳои назаррас дар таълиму тарбияи насли наврас, иштироки фаъолона дар озмунҳои касбӣ ва дигар чорабиниҳои маданию тарбиявӣ қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии молиявии омӯзгорон иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ менамоянд.
Дар ин замина, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ пайваста қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм - фурӯғи маърифат”, "Шоҳномахонӣ", озмунҳои соҳавии “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол” ва “Хонандаи сол”, омӯзгорону мураббиёне, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ғолиб омаданд ва собиқадорони дигар кормандони соҳаи маориф ба беҳтар гардидани шароиту имконияти онҳо мусоидат намуда, барои баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар пойтахт заминаи мусоидеро фароҳам меорад.
Дар идома ҷиҳати руҳбаланд намудани маорифчиёни ноҳия, 159 нафар собиқадорону омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони ифтихории "Аълочии маориф ва илм", Сипосномаи Раиси ноҳия, ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Иттифоқи касаба, шуъбаи маориф ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идома баҳри болидаруҳии иштирокдорон чорабинии фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.