Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, довталаб аз ноҳияи Шоҳмансур Шарифзода Шариф Амиралӣ, барои ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2026» аз ҷониби Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Сафар Маҳмадшо бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва мукофоти пулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Ин дастоварди арзанда барои аҳли маорифи ноҳияи Шоҳмансур боиси ифтихор буда, нишонаи меҳнати содиқона ва фаъолияти самараноки омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи насли наврас мебошад.