15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ҚАДРДОНИИ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо аз номи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ барои ҳамкориҳои судманд, хизматҳои софдилона дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ, гузоштани саҳми арзанда дар баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ва ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома ва медали “75- солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945” қадрдонӣ карда шуд.
Инчунин, муовини Раиси ноҳия, раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафарбекзода Шарофиддин Сафарбек барои хизматҳои шоиста дар фаъолияти ҳамарӯза ва ҳамкориҳои судманд бо медали ҷашнии “30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шуд.
Қадрдонии мазкур нишони эҳтиром ба фаъолияти содиқона ва хизматҳои арзандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур буда, барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманд, масъулияти бештар дар фаъолияти хизматӣ ва идомаи корҳои созанда баҳри таъмини суботи ҷомеа ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти муҳим дорад.