15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ҚАДРДОНИИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ ФАЪОЛУ ЛАЁҚАТМАНД БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Шоҳмансур дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Зуҳурзода Заррина, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Шаҳло, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маҳмашарифзода Дилрабо, инчунин намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия, раисони маҳаллаҳо, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолони ҷомеа, занону духтарони фаъол ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани мақому мавқеи зан дар ҷомеа, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги миллӣ, ҳифзу эҳёи расму оинҳои мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, нақши занону духтарон дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлатӣ, инчунин зарурати дастгирӣ ва ҷалби бештари бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъкид гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор занону бонувони фаъолу лаёқатманд аз ҳисоби кормандони мақомоти давлатӣ, дастгоҳи раиси ноҳия, сохторҳои дахлдор, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҷомеа барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд, саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати ватандӯстиву хештаншиносӣ, таҳкими ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги миллӣ, муаррифии санъату ҳунари тоҷикон, инчунин саҳми назаррас дар татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023–2030» бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.