Дар доираи таҷлили Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва фаъолияти бисёрсолаи собиқадорони соҳаи варзиш, масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо масъулини МД «Мактаби варзишӣ»-и ноҳия ба аёдати собиқадорони варзиш – Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори риштаи гӯштини самбо Сулаймонов Маҳмадашариф ва собиқадори футболи тоҷик Шарипов Раҳим рафтанд.
Зимни аёдат ба собиқадорон барои саҳми арзанда ва хизматҳои бисёрсолаи онҳо дар рушди варзиши кишвар, тарбияи варзишгарони ҷавон ва муаррифии шоистаи варзиши тоҷик изҳори сипос карда шуд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки фаъолияти пуршараф ва таҷрибаи ғании чунин чеҳраҳои варзишӣ барои насли ҷавон мактаби бузурги сабақ, ирода ва ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳадаф аз баргузории чунин иқдомҳо, пеш аз ҳама, эҳтиром ва қадршиносӣ аз хизматҳои собиқадорони соҳа, ҳифзи анъанаҳои неки варзишӣ ва пайванди таҷрибаи насли калонсол бо ҷавонон мебошад. Зеро роҳи тайкарда ва дастовардҳои собиқадорони варзиш барои наврасону ҷавонон намунаи ибрат буда, онҳоро ба меҳнати содиқона, машқу тамрини пайваста ва расидан ба қуллаҳои баланди варзишӣ ҳидоят менамояд.