15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ ТАБЛИҒОТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ХИЗМАТ БА ВАТАН - ОИНИ ҶАВОНМАРДИСТ!»

Имрӯз бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби волонтёрони бахш дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия аксияи иттилоотӣ-таблиғотӣ таҳти унвони «Хизмат ба Ватан - оини ҷавонмардист!» баргузор гардид.
Мақсади аксия баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллии ҷавонон, инчунин тарғиби аҳамияти хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зимни аксия масъулин ва волонтёрон бо ҷавонону сокинон суҳбат намуда, оид ба аҳамияти хизмати ҳарбӣ, садоқат ба Ватан ва масъулияти шаҳрвандӣ маълумот пешниҳод карданд. Ҳамзамон, маводи иттилоотию таблиғотӣ миёни сокинон тақсим карда шуд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур минбаъд низ ҷиҳати таҳкими тарбияи ватандӯстӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон чунин иқдомҳоро идома медиҳад.