Дар доираи аксияи «Китоби Пешво – сарчашмаи худшиносии миллӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур ба муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зуҳурзода Заррина Ҳабибулло асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.
Ин иқдом ба тарғиби китобхонӣ, густариши маърифати сиёсиву таърихӣ ва шиносоии амиқтар бо асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, аҳаммияти китобро ҳамчун сарчашмаи дониш, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бозгӯ менамояд.