15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

АКСИЯИ ТОЗАГӢ «САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН»

Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву хуррамгардонӣ, беҳдошти муҳити зист ва таъмини тозагии кӯчаву хиёбонҳои ноҳия аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби волонтёрони бахш аксияи тозагӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор гардид. Аксияи мазкур дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур доир гардида, иштирокчиён дар корҳои тозагиву ободонӣ ва беҳдошти муҳити зист фаъолона саҳм гузоштанд.
Ҳадафи асосии аксия ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, тарғиби фарҳанги шаҳрнишинӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа мебошад. Ҷавонону волонтёрон бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар корҳои ободониву созандагӣ фаъолона иштирок намуда, бо ташаббусу иқдомҳои созанда барои боз ҳам тозаву зебо ва ободу хуррам гардидани муҳити шаҳр саҳми арзандаи худро гузоштанд.