Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ, аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби волонтёрони бахш аксияи тозагӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор гардид.
Дар рафти аксия иштирокчиён дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия ба корҳои тозагиву ободонӣ машғул шуда, барои беҳтар намудани ҳолати муҳити зист ва зебо нигоҳ доштани симои пойтахт саҳми арзандаи худро гузоштанд. Волонтёрон бо ташаббуси фаъолона дар ин иқдоми ҷамъиятӣ иштирок намуда, аҳамияти тозагӣ ва фарҳанги шаҳрдориро миёни аҳолӣ тарғиб намуданд.
Баргузории чунин иқдомҳо, бахусус дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба шаҳри азизамон – Душанбе аҳамияти муҳим дошта, ҷавононро ба корҳои созандагиву ободонӣ бештар ҷалб менамояд.
Аксияи «Саҳми ман дар шаҳри ман» минбаъд низ ҳамчун иқдоми муҳими ҷавонон дар самти ҳифзи муҳити зист, ободонии маҳал ва саҳмгузорӣ дар зебоии пойтахт идома хоҳад ёфт.