Имрӯз, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, бо мақсади тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур аксияи тозагӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор гардид.
Дар доираи аксия, ки бо ҷалби фаъолонаи волонтёрони бахш дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур баргузор шуд, иштирокчиён ба корҳои тозакунӣ ва ободонӣ машғул гардида, дар беҳдошти муҳити зист ва зебо нигоҳ доштани симои ноҳия саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Баргузории чунин иқдомҳо ба таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ, тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ дар байни ҷавонон мусоидат намуда, барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.