Имрӯз, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, ҷиҳати тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва таъмини тозагиву озодагӣ, аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо ҷалби волонтёрони бахш аксияи тозагӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор гардид.
Аксияи мазкур дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур доир гардида, иштирокчиён бо саҳми фаъолонаи худ дар ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва беҳтар намудани ҳолати санитарии ҳудуди ноҳия саҳми арзандаи худро гузоштанд.